eRuznoma

eRuznoma - ин аввалин нусхаи электронии рӯзномаи дарсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин барномаи нави мобилӣ ба шумо имконият медиҳад, ки раванди таълимии фарзандони худро назорат намоед. Дар барнома Шумо метавонед:
- баҳо ва ғоибҳо;
- ҷадвали дарсӣ;
- вазифаи хонагии ҳар рӯза;
- тафсияҳои муаллимон;
- хабар аз маъмурияти мактаб;
- хабарҳои муҳим аз ҳаёти мактаб;

Акнун Шумо метавонед дар бораи муваффақиятҳо, баҳо ва ғоибҳои фарзандони худ тавассути як барномаи мобили хабардор шавед. Ба экрани телефони мобилии Android-и Шумо огоҳиномаҳо дар бораи баҳоҳо ва дар дарсҳо иштирок накардани фарзанди Шумо ворид мегарданд.Паёмҳои мустақим аз муаллимон ва хабарҳои муҳим дар бораи чорабиниҳо мактаб низ дар барномаи eRuznoma дида мешаванд!

Дар ин хизматрасонӣ се намуди тарифҳо: “Ройгон”, “Асосӣ”, “Стандарт” дохиланд. Дар тарифи “Асосӣ” ё “Стандарт” функсияҳои иловагӣ дохил карда шудааст, ба монанди “Журнал” бо баҳоҳои миёна, чорякӣ ва солона инчунин огоҳинома дар бораи дар давоми рӯз ҳозир набудан дар дарсҳо ва ғайра.

eRuznoma - рӯзнома ва мактаби электрони дар Тоҷикистон. Барномаи мобилии eRuznoma танҳо ба волидайн дастрас аст. Барои муалимон бошад нусхаи-web дар сомонаи https://eruznoma.info дастрас аст. Барномаи мобили барои муаллимон соли 2017 дастрас мегардад ва инчунин ҳамаи имкониятҳои web-нусхаро дорад:
- гузоштани баҳо;
- гузоштани ғоибҳо;
- илова намудани вазифаи хонагӣ;
- равон кардани номаҳо ба волидайн.

Барои истифода намудани барнома, мактаб бояд ба хадамоти электронии eRuznoma пайваст бошад. Шумо метавонед руйхати мактабҳои аллакай пайваст шударо дар сомонаи https://eruznoma.info нигаред. Барои пайваст шудан ба волидайн бояд SMS бо коди даъвати омада бошад. Кодро шумо метавонед аз администратори мактаби худ гиред ва дар вақти бақайдгирӣ онро ворид намоед.

Барномаро Шумо метавонед дар телефонхои худ сабт намуда дар давоми сол ройгон истифода баред! Мо миннатдорем, агар шумо андешаҳои худро оид ба барнома равон намоед. Барои беҳтар кардани барнома, хоҳиш ва андешаҳои Шумо барои мо муҳиманд!
Read more
3.8
287 total
5
4
3
2
1
Loading...

What's New

- Minor bugs were fixed
Read more

Additional Information

Updated
December 1, 2017
Size
17M
Installs
5,000+
Current Version
1.8.1
Requires Android
4.0 and up
Content Rating
Everyone
Permissions
Offered By
Vatan ICT
©2018 GoogleSite Terms of ServicePrivacyDevelopersArtistsAbout Google
By purchasing this item, you are transacting with Google Payments and agreeing to the Google Payments Terms of Service and Privacy Notice.